Ҳукуматдорони ҳамсоякишвари Қирғизистон ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдидаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 3 млн. сом (беш аз 52,6 ҳазор доллари ИМА) кумаки башардӯстона фиристоданд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Бишкек дар Душанбе, қатораи автомашинаҳо бо масолеҳи сохтмон, маҳсулоти ғизоӣ, сарулибос ва маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум рӯзи 9 август ҳамроҳ бо кормандони ВКД Қирғизистон ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ ворид гардид.
Гуфта мешавад, қатори иборат аз 25 автомашина роҳ бо хатсайри Ош – Гулча – Сари Тош – Бурдобо – Қизил-Арт – Қаракӯл – Мурғоб – Ҷиланди (ноҳияи Шуғнон)-ро тай кардааст.



