ҲХДТ барои бинокорони Роғун консерт барпо мекунад



Дар остонаи фарорасии ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ нимаи аввали моҳи сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун як консерти пуршукӯҳ барпо мекунад. Консерт мустақиман дар майдони сохтмон доир мегардад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои тадорукотии марбут ба баргузории консерт, ҳайати иштирокчиёни он ва барномаи консерт дар ҳоли мувофиқашавӣ қарор дорад.

«Ғайр аз ин, рӯзи консерт ҲХДТ барои бинокорони Роғун ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор карданист, ки дар он нархҳо нисбатан ба бозор хеле пасттар хоҳанд буд», – иброз дошт ӯ.

Хотиррасон шуд, ки ҲХДТ чандин сол қабл лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро таҳти сарпарастӣ гирифтааст.

spot_imgspot_img

Популярное