Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат ба як гурӯҳ шаҳрвандони кишвар мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад. Маросими тақдими мукофотҳо дар Кохи миллат доир мегардад;

– Дар машқгоҳи «Фахробод»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тамринҳои тактикии махсуси воҳидҳои таъиноти махсуси мақомот ва хадамоти зиддимухаддиротӣ, қушӯнҳои дохилӣ мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои узви СААД «Гром-2015» идома меёбанд;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия барои омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба истифодаи воситахои мултимедиявӣ ва захираҳои таълимии рақамӣ семинар баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.3198

сомонӣ;


1

евро –

7.1035

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.


1010



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1904

– Ронандаи автомобил бори нахуст барои баланд кардани суръат ба зиндон маҳкум гардид.


1936

– Таъсиси ширкати автомобилии «Тойота».


2000

– Президенти ҶТ Э.Раҳмонов ва пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV Созишнома дар бораи таъсиси Донишгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ба имзо расониданд.


2003

– Ҳавопаймои мусофирбари нахустин аз Кобул ба фурудгоҳи Душанбе омад.


855-925

– Зодрӯзи мутафаккири форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ.


1916

– Мавлуди фолкоршиноси рус ва тарҷумон Мирра Явич.


1931

– Зодрӯзи доктори улуми таърих, академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мансур Бобохонов.


1942

– Мавлуди фарҳангшинос Эрна Гейзер.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.

spot_imgspot_img

Популярное