Ҷамъоварии ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев



То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 77 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27 сентнерро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, соли равон зироати ғалладона дар майдони умумии 324 ҳазор гектар кишт шудааст. «Айни замон барои ғунучини ҳосили зироати ғалладона 242 комбайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти оморӣ, дар таркиби истеъмоли маводи ғизойӣ дар Тоҷикистон нон 60-65%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давраи мушкили буҳрон ҳукуматдорон борҳо аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки зироати ғалладона ва ордро ҳаддди ақал барои 2 сол захира намоянд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон мустақилона талаботи худ ба зироати ғалладона ва ордро қонеъ карда наметавонад. Ин навъи маҳсулоти ғизойӣ асосан аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, давоми 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 307 ҳазор тонна зироати ғалладона ва 58,6 ҳазор тонна  гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2014 мутаносибан 2,1% ва 28,5% камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.