Ҷамъоварии ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона дар Тоҷикистон

То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 77 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27 сентнерро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, соли равон зироати ғалладона дар майдони умумии 324 ҳазор гектар […]

Пайрав Чоршанбиев



То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 77 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27 сентнерро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, соли равон зироати ғалладона дар майдони умумии 324 ҳазор гектар кишт шудааст. «Айни замон барои ғунучини ҳосили зироати ғалладона 242 комбайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти оморӣ, дар таркиби истеъмоли маводи ғизойӣ дар Тоҷикистон нон 60-65%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давраи мушкили буҳрон ҳукуматдорон борҳо аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки зироати ғалладона ва ордро ҳаддди ақал барои 2 сол захира намоянд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон мустақилона талаботи худ ба зироати ғалладона ва ордро қонеъ карда наметавонад. Ин навъи маҳсулоти ғизойӣ асосан аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, давоми 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 307 ҳазор тонна зироати ғалладона ва 58,6 ҳазор тонна  гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2014 мутаносибан 2,1% ва 28,5% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.