Ба кишварҳои ОМ тарзҳои ҳалли мушкилоти обу энергетикаро пешниҳод мекунанд

Пайрав Чоршанбиев



Роҳбари нави Маркази дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петко Драганов ба Радиои СММ хабар додааст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обиву энергетикӣ дар минтақа, марказ як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалиро пешниҳод кардаст.

Ӯ қайд кардааст, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти марказро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намудааст.

Драганов ҳамчунин зикр кардааст, ки ба ҷуз хавфи ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, дар минтақа ҳаллу фасли дигар мушкилоти умумӣ, аз қабили масоили бахши энергетика ва истифодаи муштаракаи захираҳои обӣ низ зарур аст.

«Об кофист, вале усулҳои ҳамкорӣ дар ин самтро роҳандозӣ кардан зарур аст ва Маркази СММ дар Ашқобод як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ барои танзими ихтилофҳо ва назарҳои гуногун дар ин масъаларо пешниҳод мекунад. Мо ҳамчунин тартиби ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилоти пайдомешударо низ пешниҳод кардем», – иброз доштааст вай.

Ғайр аз ин, Драганов хотиррасон кардааст, ки ихтилофҳои асосӣ дар ин самт миёни кишварҳои поёноби Амӯдарё ва Сирдарё ва Конвенсияи СММ оид ба захираҳои обии фаромарзиро баимзорасонида ва кишварҳои болооби ин дарёҳо вуҷуд доранд. «Баъзе давлатҳо барои пайвастан ба Конвенсияи танзимкунандаи истифодаи муштараки об шитоб надоранд», – таъкид доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.