Суғд: Мард ҳамсарашро кушта ва моиндари ӯро захмӣ кард

Дар вилояти Суғд як мард бо зарбаҳои марговари корд ҳамсарашро кушта, моиндари ӯро захмӣ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 53-солаи ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Ю.А. зимни муноқишаи оилавӣ бо зарбаҳои корд ҳамсари 49-солааш Ю.М.-ро кушта, моиндари 54-солаи ӯ М.М.-ро захмӣ […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд як мард бо зарбаҳои марговари корд ҳамсарашро кушта, моиндари ӯро захмӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 53-солаи ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Ю.А. зимни муноқишаи оилавӣ бо зарбаҳои корд ҳамсари 49-солааш Ю.М.-ро кушта, моиндари 54-солаи ӯ М.М.-ро захмӣ кардааст ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои бардошта Ю.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, моиндари ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони маркази ноҳия бистарӣ шудааст.

«Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати боздошти ҷинояткор тадбирҳо роҳандозӣ шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.