HAI: Тоҷикистон барои нафақахӯрон кишвари на он қадр хуб аст

Пайрав Чоршанбиев



Дар рейтинги нави кишварҳо аз рӯи шароити беҳтари зиндагӣ барои шахсони пиронсол Тоҷикистон мақоми 58-умро касб кард.

Созмони ғайридавлатии HelpAge International (HAI) бо дастгирии СММ як таҳқиқоте анҷом дода, тибқи натиҷаҳои он таҳти унвони

Global AgeWatch Index 2015

рейтинги кишварҳо аз рӯи сифати зиндагӣ барои шахсони синни аз 60-соларо таҳия намуд. Рейтинг 96 кишвари саросари дунё ва таҳқиқот 90% аз шумори одамони пиронсоли ҷаҳонро фаро мегирад.

Имсол бо касби мақоми 58-ум Тоҷикистон нисбат ба

рейтинги

 соли гузаштаи HelpAge International мавқеъи худро се зина беҳтар кард.

Кишварҳои дорои шароити беҳтарини зиндагӣ барои шахсони пиронсол Швейтсария, Норвегия, Шветсия, Олмон ва Канада эътироф шудаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Нидерланд, Исландия, Ҷопон, ИМА ва Британияи Кабир низ шомил гардидаанд.

Дар рейтинги мазкур Қирғизистон мақоми 51-ум, Русия – 65, Украина – 73, Гурҷистон – 29, Арманистон – 43, Литва – 63, Беларус – 64 ва Молдова зинаи 77-умро ишғол намудаанд. Натиҷаи беҳтаринро миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Эстония соҳиб шудааст, ки дар зинаи 23-юм қарор дорад. Мақоми охирини 96-умро Афғонистон ишғол мекунад.

Мутахассисони HelpAge International маълумоти омории Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байнулмилалии меҳнат ва UNESCO-ро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додаанд.

Зимни таҳияи рейтинг 13 нишондиҳанда, аз ҷумла миқдори муроҷиатҳо ба муассисаҳои тиббӣ, шароитҳои зиндагӣ, маориф, шумори коркунандагон ва фаъолнокии иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.