Сафорати ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти худро барқарор кард

Намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти худро барқарор кард. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагии дипломатӣ танҳо як рӯз – санаи 4 сентябр рӯзи ҳодисаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе кори худро боздошта буд. «Аллакай рӯзи 8 сентябр сафорат фаъолияти худро барқарор кард. Имрӯз мо […]

Меҳрангез Турсунзода



Намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти худро барқарор кард.

Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагии дипломатӣ танҳо як рӯз – санаи 4 сентябр рӯзи ҳодисаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе кори худро боздошта буд.

«Аллакай рӯзи 8 сентябр сафорат фаъолияти худро барқарор кард. Имрӯз мо ба таври муқаррарӣ фаъолият дорем», – гуфтанд дар сафорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр сафорати ИМА дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар робита ба рӯйдодҳо дар Душанбе фаъолияти худро бозмедорад.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки сарфи назар аз мавҷуд набудани маълумот доир ба ҷузъиёту тафсилоти ин ҳодисаҳо, онҳо дигар амалҳои зӯроваронаро дар пай дошта метавонанд. Бинобар ин сафорат изҳор дошта буд, ки намояндагии дипломатӣ баста мешавад ва ба намояндагони расмии ИМА тавсия дода мешавад, ки ҷойҳои худро тарк накарда, кӯдаконашонро ба мактаб нафиристанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.