Суди Молдова Собир Валиевро озод кард

Меҳрангез Турсунзода


Суди Молдова рӯзи 9 сентябр муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» Собир Валиевро озод кард. Палатаи аппелятсионии суди Молдова боздошти Собир Валиевро ғайриқонунӣ эътироф намуд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ирсол накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр 

Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукуматдорони Беларус ва Молдова даъват карданд, ки ба истирдоди мухолифини тоҷик Собир Валиев ва Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукуматдорони ҳарду кишвар дархост доранд, ки уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро намуда, шахсони зикршударо ба Тоҷикистон истирдод накунанд. «Дар ватан ҳардуяшон метавонанд мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гиранд. Молдова ва Беларус Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро ба имзо расониданд ва наметавонанд бо асосҳои қонунӣ Валиев ва Худойдодоваро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳанд, ки дар он ҷо аз шиканҷа ба таври густарда истифода мешавад», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Собир Валиев арбоби сиёсӣ ва муовини созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» буда, 11 августи соли 2015 дар фурудгоҳи пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв боздошт шуд. Ӯ баъди сафари корӣ аз Молдова ба Истамбул бармегашт. Аз соли 2008 ӯ шаҳрванди Қирғизистон мебошад. С.Валиев мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) айбдор карда мешавад.

Шабнам Худойдодова – муҳоҷирзани тоҷик дар Русия аввали тобистон ба Беларус гурехта, бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Брест қарор дорад. Ӯ низ ҷонибдори «Гурӯҳи 24» буда, дар даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони дар Тоҷикистон мутттаҳам дониста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".