Суди Молдова Собир Валиевро озод кард

Суди Молдова рӯзи 9 сентябр муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» Собир Валиевро озод кард. Палатаи аппелятсионии суди Молдова боздошти Собир Валиевро ғайриқонунӣ эътироф намуд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ирсол накардаанд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр  Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукуматдорони Беларус […]

Меҳрангез Турсунзода


Суди Молдова рӯзи 9 сентябр муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» Собир Валиевро озод кард. Палатаи аппелятсионии суди Молдова боздошти Собир Валиевро ғайриқонунӣ эътироф намуд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ирсол накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр 

Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукуматдорони Беларус ва Молдова даъват карданд, ки ба истирдоди мухолифини тоҷик Собир Валиев ва Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукуматдорони ҳарду кишвар дархост доранд, ки уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро намуда, шахсони зикршударо ба Тоҷикистон истирдод накунанд. «Дар ватан ҳардуяшон метавонанд мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гиранд. Молдова ва Беларус Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро ба имзо расониданд ва наметавонанд бо асосҳои қонунӣ Валиев ва Худойдодоваро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳанд, ки дар он ҷо аз шиканҷа ба таври густарда истифода мешавад», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Собир Валиев арбоби сиёсӣ ва муовини созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» буда, 11 августи соли 2015 дар фурудгоҳи пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв боздошт шуд. Ӯ баъди сафари корӣ аз Молдова ба Истамбул бармегашт. Аз соли 2008 ӯ шаҳрванди Қирғизистон мебошад. С.Валиев мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) айбдор карда мешавад.

Шабнам Худойдодова – муҳоҷирзани тоҷик дар Русия аввали тобистон ба Беларус гурехта, бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Брест қарор дорад. Ӯ низ ҷонибдори «Гурӯҳи 24» буда, дар даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони дар Тоҷикистон мутттаҳам дониста мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.