Иншооти мансуб ба оилаи Муҳидин Кабирӣ муҳр зада шуд

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати гузашта дар иншооти мансуб ба оилаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар хешовандони ӯ дар Душанбе кофтуковҳо гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои Кабирӣ хабар доданд.

Ба қавли онҳо, кофтуков ва барӯйхатгирии амволи оила Кабирӣ аз ҷониби комиссияе гузаронида шудааст, ки ба ҳайати он кормандони Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия шомл будаанд. Хешону наздикони Кабирӣ дар бораи бо кадом асос гузаронидани ин амалҳо посухи саҳеҳе дастрас накардаанд.

Онҳо гуфтанд, кофтуковҳо дар коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб ва дастпоккунҳо (салфеткаҳо)-и мутааллиқ ба яке аз хешони Кабирӣ, дар ширкати сохтмонии мансуб ба яке аз бародарони раиси ҲНИТ, дафтари кории маркази «Диалог» дар километри 7-ум ва дигар иншооти мутааллиқ ба хешону наздикони Кабирӣ гузаронида шудаанд.

«Хамаи ҳуҷҷатҳо ва техникаи дафтари корӣ мусодира шуд. Ҳамчунин онҳо гуфтанд, ки тамоми техникаи истеҳсолиро низ мусодира мекунанд, вале чун он насб шудаву мустаҳкам аст, берун бурда натавонистанд. Дарҳои ҳамаи иншоот муҳр зада шуд», – ҳикоят карданд наздикони раиси ҲНИТ.

Қаблан рӯзи ҷумъа дар манзили шахсии Муҳиддин Кабирӣ воқеъ дар маҳаллаи Пивзавод, ки чанде пештар дар он баъди муҳр зада шудани дафтари кории марказии ҲНИТ нишасти хабарии Шӯрои сиёсии ҲНИТ доир гардида буд, низ кофтуков гузаронида шуд. Ин хона ба номи писари Кабирӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳуҷҷати хонаҳо, манзилҳои писарони Кабирӣ ва хешовандони наздики ӯ низ мусодира ва хонаҳо муҳр зада шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод дар ин бора маълумот дастрас намояд. Дар Агентии зиддифасод изҳор доштанд, ки имрӯзҳо ҳама ба корҳои тадорукоти ташкили нишасти СААД дар Душанбе машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо имзои шахсе бо номи Пӯлод Ғаффоров

мақолае ба нашр расид

, ки дар он ӯ Муҳиддин Кабириро ба робита доштанаш бо генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...