Назарбоев: Лаҳзаҳои душвор мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи олӣ сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки Қазоқистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст.

«Тоҷикистон давраҳои душворро паси сар намуд ва мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем», – гуфт Назарбоев ва таъкид дошт, ки «мо мувофиқи имкон ҳам кумаки гуманитариву ҳам кумаки ҳарбӣ-техникӣ расонидем».

Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки “Ҳамаи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. ”.

Ӯ вазъи ҳамкории ҷонибҳоро ғайриқаноатбахш хонда, таъкид дошт, ки «ҳамкориҳои иқтисодӣ барои мо хеле муҳиманд ва мо оид ба рушди ҳамкориҳо дар ин самт мувофиқа ҳосил кардем». «Мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди иқтисоди Тоҷикистон омодаем», – иброз дошт Назарбоев.

Бо зикри муҳим будани масъалаи рушди бахши гидроэнергетика барои Тоҷикистон, сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ки «ба мо (кишварҳои минтақа) оид ба масоили обу энергетика созиш ҳосил кардан зарур аст».

Ҳамчунин президенти Қазоқистон нисбат ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки «Тоҷикистон оғози марзҳои ҷанубии кишварҳои узви ИДМ мебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...