Русия дар марзи Тоҷикистон хатти мудофиаи стратегӣ ташкил мекунад

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта интишоршудаи Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷии воқеъ дар Беларус таҳти унвони


«Геостратегияи нави Русия: оқибат ва чолишҳо барои меъмории амнияти байнулмилалӣ»,

 зикр мегардад, ки 

Русия нақша дорад, ки дар муддати чор соли минбаъда хатти мудофиаи стратегиро аз марзҳои худаш ба сарҳади Тоҷикистон кӯчонад.

Дар шарҳи гузориш қайд мешавад, ки таркиби аввалини геостратегияи нави Русия аз марзҳои худ кӯчонидани хатти мудофиаи стратегӣ аст. Хати мудофиаро Русия гӯё ба «хатте, ки тариқи марзи ғарбии вилояти Калининград, Беларус, Украина, Приднестрове, марзҳои ҷанубии Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дар Аврупои Шарқӣ ва тавассути марзҳои шарқӣ ва ҷанубии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мегузарад», интиқол доданист.

Ҳамчунин коршиносони беларусӣ ба сифати банди минбаъдаи геостратегияи нави Русия «ба вуҷуд овардани ноамнӣ дар кишварҳои қад-қади ин хатти стратегӣ ҳамчун воситаи коҳиши нуфуз ва ҳузури абарқудратҳои ҷаҳонии дигар дар ин минтақаҳо»-ро зикр мекунанд.

Дар гузориш ба раҳбарияти кишварҳои Чин, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тавсия дода мешавад, ки «афзалиятнокии начандон назарраси геостратегияи нави Русия дар мубориза бо Давлати исломӣ ва дигар ҳаракатҳои исломӣ дар Осиёи Марказии Бузургро ба инобат гиранд».

«Дар партави манфиатҳое, ки Русия аз вайрон кардани шарикии Чину ИМА ба даст оварда метавонаду таваҷҷуҳи Чин ба минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ҷалб мешавад ва ҳамчунин ноилшавии Русия ба мақоми таъминкунандаи асосии захираҳои энергетикӣ ба Чин, ноамн шудани вазъ дар Осиёи Марказӣ дар ҳудудҳои муайян хатари қобили қабул барои Русия мебошад», – қайд мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориш пешбинӣ мешавад, ки Русия гӯё ба «афзоиши ҷараёни ихтилофҳо, ки ба болоравии нархҳо ба захираҳои энергетикӣдар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ боис мегардад», мусоидат мекунад.

«Геостратегияи нави Русия хеле амалгароёна буда, барои расидан ба ҳадафҳои комилан мушаххас дар давраи муҳлати муваққатии аз 1 то 4 сол нигаронида шудааст», – гуфта мешавад дар гузориши мазкур.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...