Шиносоии раиси Суғд бо корҳои тозакунии соҳили дарёи Сир

ASIA-Plus



Рӯзи 17 сентябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои тозакунии соҳили чапи дарёи Сир аз ин мавзеъ боздид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон бо дастуру супориш ва дастгириҳои раиси вилоят корҳои тозакунии соҳили дарё аз қамиш ва алафҳои бегона  ҷараён дошта, барои анҷоми корҳо зиёда аз 15 техникаи лозима ва 17 нафар мутахассисон ҷалб гардидаанд. Ин минтақаи соҳили дарё давоми 14 соли охир аз лойобаҳо тоза нагардида буд. Илова бар ин дар маркази шаҳр вуҷуд доштани растаниҳои худруйи обӣ ҳусни соҳили Сирдарёро коста гардонида,  манбаи асосии паҳн шудани ҳашароти зараррасон шуда буд, ки онҳо маъмулан барангезандаҳои бемориҳои инфексионӣ мебошад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо таъкид дошт, ки шаҳри Хучанд бо дарёи Сири паҳновараш дар гузаштаву имрӯз ҳамчун шаҳри ободу зебо ва тозаву озода шинохта шудааст. Аз инрӯ бояд корҳои ободониву созандагӣ идома дода шудаву соҳили дарёи Сир ба як макони хуби истироҳату фароғат  ва дилкашу зебо табдил дода шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ  илова намуд, ки пас аз анҷоми корҳои тозасозии соҳил дар ин мавзеъ  бояд 2 ҷойи махсуси оббозӣ бо фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат ташкил карда шавад.  Зеро табиат ва ҳавои форами соҳили дарёи Сир барои ташкили чунин корҳо хело мувофиқ мебошад. Илова бар ин шинонидани дарахтони ороишӣ дар ин мавзеъ мувофиқи матлаб арзёбӣ шуд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳри Хуҷанд ният доранд соҳили чапи дарёро аз кӯпруки асосии шаҳр то кӯпруки «Ҷашнӣ» ободу зебо намоянд.

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки бояд ба таври ҳамешагӣ соҳили дарёи Сир аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.