Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон роҳи Душанбе-Турсунзода ба истифода дода шуд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км. роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст.

Бунёди иншооти муҳими коммуникатсионӣ моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ба итмом расонида шудаанд.

Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Бонки осиёгии рушд (БОР) амалӣ гардид.

Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.

Сарвари давлат Эмомаӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.

Дар ду шафати роҳ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.