ИА дастгириаш ба ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини амниятро таъкид дошт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 17 сентябр бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 17 сентябр бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаҳои охирине, ки дар кишвар рӯй дод, ҷаноби Буриан бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич низ ҳузур дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.