Ҳукми 5 соли зиндон ба як тоҷикистонӣ дар Русия барои маблағгузорӣ ба толибон

ASIA-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Якутияи Русия иқомат дошт, барои маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳаракати Толибон» маҳкум карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар ин минтақа, суд ӯро дар содир намудани ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 205, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста, ба […]



Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Якутияи Русия иқомат дошт, барои маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳаракати Толибон» маҳкум карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар ин минтақа, суд ӯро дар содир намудани ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 205, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Зимни тафтишот муайян шудааст, ки судшаванда бо як шиноси худ – узви «Ҳаракати Толибон», ки алайҳи нерӯҳои ҳукумати Покистон ҷнгидааст, тавассути почтаи электронӣ мукотиба доштааст.

«Дар номаҳои худ шиносаш дархост мекарддаст, ки натанҳо барои «ҷиҳод» муқобили «кофирон»дар Афғонистону Покиситон кумаки молӣ расонад, балки ба таъсиси сохторҳои пинҳонии терористон дар Якутия низ мусоидат намояд. Барои иҷрои ин дастурҳо судшаванда чандин маротиба тариқи суратҳисобҳои сохтаи созмони террористӣ ба Покистон маблағ интиқол додааст», – иттилоъ медиҳад дар ин робита

«Интерфакс»

.

Қобили зикр аст, ки дар Русия созмони «Ҳаракати Тоибон» террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар манъ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...