WGEID ҳолатҳои тариқи зӯроварона бедаракшавӣ дар Тоҷикистонр баррасӣ намуд

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) дар ҷараёни иҷлосияи навбатии худ дар Женева ин вазъ дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар ин бора Радиои СММ хабар медиҳад. Зимни иҷлосияи мазкур коршиносон таъҷилан 64 ҳодисаи бедаракшавӣ тӯли чанд моҳи ахир дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср, Чин, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) дар ҷараёни иҷлосияи навбатии худ дар Женева ин вазъ дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар ин бора Радиои СММ


хабар медиҳад.

Зимни иҷлосияи мазкур коршиносон таъҷилан 64 ҳодисаи бедаракшавӣ тӯли чанд моҳи ахир дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср, Чин, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин боз 380 чунин ҳолатҳои рухдода дар як қатор кишварҳо бо шумули Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Ариел Дуритский қайд кардааст, ки баъзе кишварҳо ин ҳодисаҳоро масъалаи афзалиятнок намешуморанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза оид ба масоили марбут ба бедаракшавии одамон ба СММ дархостҳо ворид мешаванд. «Дар аксари давлатҳо нисбат ба одамони гумшуда, доир ба шумори телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) маълумот хеле бештар аст», – иброз доштааст ӯ.

Роҳбари гурӯҳ аз ҳукуматҳои ин кишварҳо даъват кардааст, ки ин мушкилотро эътироф намуда, ба гирдоварии маълумоти бештар муътамаду саҳех дар бораи миқёси фарогирии чунин ҳодисаҳо машғул шаванд.

Гурӯҳи кории СММ оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) бо қарори Комиссияи ҳуқуқи башари СММ соли 1980 таъсис дода шуда, ба хешовандону наздикони шахсони бедаракшуда дар пайдо кардани макони будубош ва ошкор кардани тақдири онҳо мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.