WGEID ҳолатҳои тариқи зӯроварона бедаракшавӣ дар Тоҷикистонр баррасӣ намуд

ASIA-Plus



Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) дар ҷараёни иҷлосияи навбатии худ дар Женева ин вазъ дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар ин бора Радиои СММ


хабар медиҳад.

Зимни иҷлосияи мазкур коршиносон таъҷилан 64 ҳодисаи бедаракшавӣ тӯли чанд моҳи ахир дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср, Чин, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин боз 380 чунин ҳолатҳои рухдода дар як қатор кишварҳо бо шумули Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ Ариел Дуритский қайд кардааст, ки баъзе кишварҳо ин ҳодисаҳоро масъалаи афзалиятнок намешуморанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза оид ба масоили марбут ба бедаракшавии одамон ба СММ дархостҳо ворид мешаванд. «Дар аксари давлатҳо нисбат ба одамони гумшуда, доир ба шумори телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) маълумот хеле бештар аст», – иброз доштааст ӯ.

Роҳбари гурӯҳ аз ҳукуматҳои ин кишварҳо даъват кардааст, ки ин мушкилотро эътироф намуда, ба гирдоварии маълумоти бештар муътамаду саҳех дар бораи миқёси фарогирии чунин ҳодисаҳо машғул шаванд.

Гурӯҳи кории СММ оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) бо қарори Комиссияи ҳуқуқи башари СММ соли 1980 таъсис дода шуда, ба хешовандону наздикони шахсони бедаракшуда дар пайдо кардани макони будубош ва ошкор кардани тақдири онҳо мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...