Аксияи зидди коррупсияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Мавлуда Рофиева

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар минтақаи шимоли кишвар таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия кори ҳар як кас» аксия баргузор мекунад. Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсинонӣ сурат гирифта аз […]



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар минтақаи шимоли кишвар таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия кори ҳар як кас» аксия баргузор мекунад.

Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсинонӣ сурат гирифта аз 1 то 10 октябр дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинии мазкур намояндагон ва фаъолони ҳизб, аз ҷумла аъзои бахши ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва конфронсу муколамаҳо доир ба мавзӯи муқовимат ба коррупсияро созмон медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки чунин аксия бори нахуст дар минтақаи шимоли кишвар доир гардида, дар чорабиниҳои он ҳазорон нафар аз ҷумла ҷавонон, занон, кормандони бахши маориф ва тандурустии вилоят ширкат хоҳанд варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.