Мушкили дастрасии сокинони пойтахт ба оби нӯшокӣ аз аввали моҳи октябр

Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва ҷиҳати таъмини  омодагии  ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистон қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва ҷиҳати таъмини  омодагии  ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистон қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт,

аз соати 22-00 рӯзи 30 сентябр то соати 24-00 рӯзи  01 октябри  соли 2015

интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский (ноҳияи Фирдавсӣ) ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, К.Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини Комбинати коркарди чӯб (ноҳияи Шоҳмансур) қатъ мегардад.

Гуфта мешавад,

аз соати 22:00 рӯзи 06 октябр то  соати  24:00 рӯзи 07 октябри  соли 2015

интиқоли оби ошомиданӣ ба шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев,  Ханҷин, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав (ноҳияи Сино) муваққтан қатъ карда мешавад.

Зикр мегардад, ки

аз соати 22-00 рӯзи 13 октябр то соати 24-00 рӯзи  14 октябри  соли 2015

интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи И.Сомонӣ); маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1 то 77 (ноҳияи Шоҳмансур); маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамиршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112 ва Зарафшон 1,2 (ноҳияи Сино) ва кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор,  Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) қатъ мегардад.

Қайд мешавад, ки

аз соати 22-00 рӯзи 20 октябр то соати 24-00 рӯзи   21 октябри  соли 2015

интиқоли оби ошомиданӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ (ноҳияи Сино) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ) низ қатъ карда мешавад.

Дар робита ба ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт дархост мекунад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва   директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри вазифадор карда шудааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.