Маҳмадалии Ҳайитро бо узви гурӯҳи генерали ошӯбгар Назарзода рӯбарӯ карданд

ASIA-Plus

Зимни рӯбарӯкунии муовини раиси ҲНИТ МаҳмадалииҲайит бо узви гурӯҳи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ӯ тамоми айбномаҳо нисбати худро рад намуд. Ҷамшед Ёров, адвокати айбдоршаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъдод, ки рӯзи 22 сентябр зимни рӯбарӯкунӣ узви гурӯҳи генерал Назарзода изҳор доштааст, ки Маҳмадалии Ҳайит ҳамроҳ бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва генерал Назарзода рӯзи […]



Зимни рӯбарӯкунии муовини раиси ҲНИТ МаҳмадалииҲайит бо узви гурӯҳи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ӯ тамоми айбномаҳо нисбати худро рад намуд.

Ҷамшед Ёров, адвокати айбдоршаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъдод, ки рӯзи 22 сентябр зимни рӯбарӯкунӣ узви гурӯҳи генерал Назарзода изҳор доштааст, ки Маҳмадалии Ҳайит ҳамроҳ бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва генерал Назарзода рӯзи 6 март дар манзили генерал вохӯрда, ҳамла ба кадом иншоотҳоро тарҳрезӣ ва мансабҳои давлатиро миёни худ тақсим кардаанд.

«Аммо Ҳайит бо далелҳо исбот кард, ки чунин вохӯрӣ баргузор нашудааст. Замоне, ки дар бораи он сухан меравад, Ҳайит дар дафтари кории ҲНИТ қарор дошта, пас аз интихобот вохӯрӣ мегузаронидааст. Дигар айбномаҳо ҳам ҳамин тарз рад шуданд», – гуфт адвокат.

Ба қавли Ёров, айни ҳол ӯ маълумоти мушаххас дар бораи ба кадом гуноҳ гумонбар шудани зерҳимояашро дар даст надорад ва муфаттишон танҳо гуфтаанд, ки парвандаи ҷиноӣ мавҷуд асту дар он якчанд модда ҷой дорад, вале танҳо моддаи 104 (Одамкушӣ) ва 189 (Барангехтани низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ»-ро ном бурдаанд.

«Ман аллакай ба унвони Прокуратураи генералӣ дархости иловагӣ ирсол намудам, то ки ба мо нусхаи айбнома нисбати зерҳимояам ва ҳамчунин нусхаи иҷозатнома (ордер) барои ҳабси ӯро диҳанд», – қайд кард адвокат.

Ба гурӯҳи тафтишотии парвандаи мазкур намояндаи Прокуратураи генералӣ Иброҳим Иброҳимзода роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 16 сентябр 13 нафар аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Душанбе боздошт шуда, айни замон дар тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и КДАМ қарор доранд. Прокуратураи генералӣ ҲНИТ-ро ба ҳамкорӣ бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ва раиси ҲНИТ-ро ба раҳбарӣ дар тамоми ошӯб муттаҳам кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.