Пирӯзии бузурги «Истиқлол» дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон

ASIA-Plus

Дар бозии даври аввали нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015, ки рӯзи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби калони 7 бар 0 дастаи «Равшан»-и Кӯлобро мағлуб кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми аввали ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфта, […]



Дар бозии даври аввали нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015, ки рӯзи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби калони 7 бар 0 дастаи «Равшан»-и Кӯлобро мағлуб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми аввали ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони «Истиқлол» муяссар гардид, ки бо 3 тӯби дигарро ба дарвозаи ҳариф ворид созанд.

Гуфта мешавад, футболбозони «Истиқлол» дар бозии аввал бартарияти хеле хуб ба даст оварда, бозии ҷавобӣ рӯзи 25 сентябр дар дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бозии дигари даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАЗ» мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта, бозии ҷавобии ин дастаҳо санаи 1 октябр дар шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.