«Сомон Эйр» торнамои интернетиашро навсозӣ кард

«Сомон Эйр» сомонаи навшудаи ширкатро ба кор медарорад. Фаъолияти сомона барои тамоми истифодабарандагон боз ҳам беҳтар гашт. Бахшҳои нав илова шуданд, ки ба истифодабарандагон имконият медиҳад ҳолати парвози ҳавопайморо дар режими онлайн бубинанд. Ба кор даровардани сомонаи навшуда, қадами навбатӣ ҷиҳати рушди хизматрасониҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ аз аввалинҳо […]

Иттилоияи расмӣ



«Сомон Эйр» сомонаи навшудаи ширкатро ба кор медарорад. Фаъолияти сомона барои тамоми истифодабарандагон боз ҳам беҳтар гашт. Бахшҳои нав илова шуданд, ки ба истифодабарандагон имконият медиҳад ҳолати парвози ҳавопайморо дар режими онлайн бубинанд. Ба кор даровардани сомонаи навшуда, қадами навбатӣ ҷиҳати рушди хизматрасониҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ аз аввалинҳо шуда, дар Тоҷикистон барномаи навро барои Android ба кор даровардааст, ки истифодабарандагони таҷҳизоти мобилӣ бо ёрии он имконият пайдо мекунанд бо маҳсулот ва хизматрасониҳои электронии ширкати ҳавопаймоӣ кор кунанд, аз ҷумла маълумоти умумиро дар бораи хизматрасониҳои «Сомон Эйр» ба даст оранд. Системаи Android дар бисёре аз таҷҳизоти мобилии муосир насб шудааст (Samsung, HTC, SonyEricsson, Motorola, LG и др.).

Барномаи «Somon Air» ройгон мебошад. Барои насб кардани он ба таҷҳизоти мобилии худ, зарур аст, ки дар номгӯи «Ҷустуҷӯ» дар Google Play Store бо ҳарфҳои лотинӣ Somon Air навишта, барномаро насб кунед (скачать).

Илова бар ин, айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ ба таҳияи барномаи мобилӣ барои Apple (IOS) машғул аст, ки ба наздикӣ дастрас хоҳад шуд.

Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро менамояд. Сомон Эйр дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.