ИМА ба Дастаи таъиноти махсуси ВКД таҷҳизоти тактикӣ супурд

Date:



Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба Дастаи таъиноти махсуси (ДТММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши яккачини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, беш аз 60 намуди таҷҳизотӣ тактикӣ супурд. Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт баъд аз сухани роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Мэттсон таҷҳизоти тактикиро тақдим намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, генерал-майор Мэттсон саҳмии барҷастаи ДТММ-ро дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зикр карда, барои идомаи ҳамкории мустаҳкам бо ҳамаи хадамоти амнияти Тоҷикистон изҳори умед намуд. Генерал-майор Мэттсон дар назар дорад, ки таҷҳизоти мазкур иқтидори амалиётии ДТММ-ро ҷиҳати давомнокӣ, мунтазамӣ ва бехатарӣ вусъат хоҳад дод. Амрико бар асари истифодаи ин таҷҳизоти пешқадам ба муваффақияти калон ноил шуд ва мақсад аз тақдими таҷҳизоти мазкур кӯмак ба ДТММ барои расидан ба дастовардҳои яксон мебошад.

Таҷҳизоти тактикии мазкур, ки ба 260 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад, барои таҳкиму дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини амнияти сарҳадӣ истифода хоҳад шуд. Таҷҳизоти мазкур кӯмаки амалии навбатии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. Давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи мазкур ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки мустақим ба маблағи беш аз 130 миллион доллари ИМА расонида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...