ИМА ба Дастаи таъиноти махсуси ВКД таҷҳизоти тактикӣ супурд

Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба Дастаи таъиноти махсуси (ДТММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши яккачини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, беш аз 60 намуди таҷҳизотӣ тактикӣ супурд. Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт баъд аз сухани роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Мэттсон таҷҳизоти тактикиро тақдим […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба Дастаи таъиноти махсуси (ДТММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши яккачини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, беш аз 60 намуди таҷҳизотӣ тактикӣ супурд. Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт баъд аз сухани роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Мэттсон таҷҳизоти тактикиро тақдим намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, генерал-майор Мэттсон саҳмии барҷастаи ДТММ-ро дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зикр карда, барои идомаи ҳамкории мустаҳкам бо ҳамаи хадамоти амнияти Тоҷикистон изҳори умед намуд. Генерал-майор Мэттсон дар назар дорад, ки таҷҳизоти мазкур иқтидори амалиётии ДТММ-ро ҷиҳати давомнокӣ, мунтазамӣ ва бехатарӣ вусъат хоҳад дод. Амрико бар асари истифодаи ин таҷҳизоти пешқадам ба муваффақияти калон ноил шуд ва мақсад аз тақдими таҷҳизоти мазкур кӯмак ба ДТММ барои расидан ба дастовардҳои яксон мебошад.

Таҷҳизоти тактикии мазкур, ки ба 260 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад, барои таҳкиму дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини амнияти сарҳадӣ истифода хоҳад шуд. Таҷҳизоти мазкур кӯмаки амалии навбатии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. Давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи мазкур ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки мустақим ба маблағи беш аз 130 миллион доллари ИМА расонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.