ВКД дар бораи далелҳои нави қаллобии адвокати боздоштшуда

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баъди нашри маълумот дар сомонаи вазорат оид ба амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба онҳо адвокати Коллегия адвокатҳои ҶТ Бузургмеҳр Ёров гумонбар дониста мешавад, тариқи телефони боварӣ нисбати боздоштшуда аз шаҳрвандон шикоятҳои нав ворид шудаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз рӯи маслиҳати […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баъди нашри маълумот дар сомонаи вазорат оид ба амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба онҳо адвокати Коллегия адвокатҳои ҶТ Бузургмеҳр Ёров гумонбар дониста мешавад, тариқи телефони боварӣ нисбати боздоштшуда аз шаҳрвандон шикоятҳои нав ворид шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд.

Ёров Б. ва Тоиров Б. маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷиев Б.С. зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ расонидаанд.

Ҳамчунин муайян карда шудааст, ки Ёров Б.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13, даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд.

Аз Мелиқулова Д.Д. дар маҷмӯъ, ба маблағи 2800 (ду ҳазору ҳашт сад) доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 сентябр низ ВКД Тоҷикистон дар ин робита маълумот интишор намуда, дар он адвокат Бузургмеҳр Ёровро

ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам кард.

Дар ин маълумот қайд шуда буд, ки Бузургмеҳр Ёров дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои ҶТ кору фаъолият намуда, бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.