Cобиқ вакили парлумони Тоҷикистон аз ошёнаи 10-ум афтида, ҳалок шуд

Собиқ раиси Кумита оид ба энергетка, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Амир Катаев шоми рӯзи 29 сентябр аз ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ дар маркази пойтахт ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон хабар доданд, ки пас аз анҷоми фаъолияти вакилӣ марҳум дар он кор мекард. […]

Аваз Юлдошев



Собиқ раиси Кумита оид ба энергетка, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Амир Катаев шоми рӯзи 29 сентябр аз ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ дар маркази пойтахт ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон хабар доданд, ки пас аз анҷоми фаъолияти вакилӣ марҳум дар он кор мекард.

Профессор Амир Катаев то интихоботи соли 2005 ба парлумон вазифаи ректори Донишкадаи технологии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Моҳи феврали соли 2010 ӯ дубора вакили парлумон интихоб шуд.

Амир Катаев 20 сентябри соли 1947 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои Душанбе ҷасади Катаев ба хок супурда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.