Назарсанҷии БМТ: 41% ҷонибдори девалватсияи сомонӣ

Date:



Дар назарсанҷии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) миёни аҳолии кишвар оид ба муайянкунии реҷаи қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, беш аз 41%-и пурсидашудагон ба ҷонибдории реҷаи озод шинокунандаи арзи миллӣ (сомонӣ) овоз додаанд.

Боз ҳамин миқдор (беш аз 41%) қурби шинокунандаи танзимшавандаро, ки айни замон мавриди амал қарор дораду аз ҷониби БМТ қабул шудааст, нодуруст шуморидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 30%-и иштирокчиёни назарсанҷӣ «реҷаи шинокунандаи танзимшаванда» ва тақрибан 18% – «реҷаи қурби муқарраршудаи асъор»-ро ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар назарпурсии БМТ қайд мешавад, ки айни замон қисме аз кишварҳо таҳти таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ пули миллии худро девалватсия карда истодаанд ва ба назари тоҷикистониён дар бораи то чӣ андоза дастгирӣ кардани девалватсияи сомонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Аз натиҷаҳои посух ба ин савол бармеояд, ки ҳудуди 53% – «муқобил» ва беш аз 41% – «тарафдори»-и девалватсияи сомонӣ ҳастанд. Ҳамин миқдор (беш аз 41%) ба ҷонибдори қурби ягонаи арзи миллӣ – якхела кардани қурби расмӣ бо қурби бозорӣ раъй додаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар кишвар воқеъан ҳадди ақал 4 қурби пули миллӣ амал мекунад. Аз ҷумла қурби мубодилаи байнибонкӣ, қурби расмӣ, қурби бозории аз ҷониби Бонки миллӣ муқарраршуда ва ҳамчнунин қурби воқеъӣ, ки аз ҷониби бозор муайян карда мешавад. Назарпурсии БМТ феълан низ идома дорад.

Қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА имрӯз 6.4645 сомонӣ (барои 1 $), қурби бозории аз ҷониби БМТ муқаррашуда – 6.54 сомонӣ ва қурби воқеъӣ – 6,85 сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...