Назарсанҷии БМТ: 41% ҷонибдори девалватсияи сомонӣ

Дар назарсанҷии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) миёни аҳолии кишвар оид ба муайянкунии реҷаи қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, беш аз 41%-и пурсидашудагон ба ҷонибдории реҷаи озод шинокунандаи арзи миллӣ (сомонӣ) овоз додаанд. Боз ҳамин миқдор (беш аз 41%) қурби шинокунандаи танзимшавандаро, ки айни замон мавриди амал қарор дораду аз ҷониби БМТ қабул шудааст, нодуруст шуморидаанд. […]



Дар назарсанҷии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) миёни аҳолии кишвар оид ба муайянкунии реҷаи қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, беш аз 41%-и пурсидашудагон ба ҷонибдории реҷаи озод шинокунандаи арзи миллӣ (сомонӣ) овоз додаанд.

Боз ҳамин миқдор (беш аз 41%) қурби шинокунандаи танзимшавандаро, ки айни замон мавриди амал қарор дораду аз ҷониби БМТ қабул шудааст, нодуруст шуморидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 30%-и иштирокчиёни назарсанҷӣ «реҷаи шинокунандаи танзимшаванда» ва тақрибан 18% – «реҷаи қурби муқарраршудаи асъор»-ро ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар назарпурсии БМТ қайд мешавад, ки айни замон қисме аз кишварҳо таҳти таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ пули миллии худро девалватсия карда истодаанд ва ба назари тоҷикистониён дар бораи то чӣ андоза дастгирӣ кардани девалватсияи сомонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Аз натиҷаҳои посух ба ин савол бармеояд, ки ҳудуди 53% – «муқобил» ва беш аз 41% – «тарафдори»-и девалватсияи сомонӣ ҳастанд. Ҳамин миқдор (беш аз 41%) ба ҷонибдори қурби ягонаи арзи миллӣ – якхела кардани қурби расмӣ бо қурби бозорӣ раъй додаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар кишвар воқеъан ҳадди ақал 4 қурби пули миллӣ амал мекунад. Аз ҷумла қурби мубодилаи байнибонкӣ, қурби расмӣ, қурби бозории аз ҷониби Бонки миллӣ муқарраршуда ва ҳамчнунин қурби воқеъӣ, ки аз ҷониби бозор муайян карда мешавад. Назарпурсии БМТ феълан низ идома дорад.

Қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА имрӯз 6.4645 сомонӣ (барои 1 $), қурби бозории аз ҷониби БМТ муқаррашуда – 6.54 сомонӣ ва қурби воқеъӣ – 6,85 сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.