Шаҳри Қундуз аз тасарруфи Толибон озод шуд

Нерӯҳои махсуси Афғонистон субҳи имрӯз шаҳри Қундузро аз тасарруфти ҷангиёни ҳаракати «Толибон» озод карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД Афғонистон иттилоъ медиҳад. «Шаҳр озод шуда, амалиёти поксозӣ аз террористон идома дорад. Душман талафоти зиёд дид»,-изҳор доштааст намояндаи ВКД Сиддиқ Сиддиқӣ. Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо […]



Нерӯҳои махсуси Афғонистон субҳи имрӯз шаҳри Қундузро аз тасарруфти ҷангиёни ҳаракати «Толибон» озод карданд. Дар ин бора

АМИТ «Ховар»

бо истинод ба ВКД Афғонистон иттилоъ медиҳад.

«Шаҳр озод шуда, амалиёти поксозӣ аз террористон идома дорад. Душман талафоти зиёд дид»,-изҳор доштааст намояндаи ВКД Сиддиқ Сиддиқӣ.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо

Радиои Озодӣ

ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ҳоло даргириҳои ҷудогона дар канораҳои шаҳр идома дорад, аммо ба сурати умум маконҳои муҳими ин шаҳр аз гурӯҳи Толибон озод шудааст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 28 сентябр ҷангиёни ҳаракати Толибон маркази маъмурии вилояти Қундуз-шаҳри Қундузро таҳти назорат гирифта, рӯзи 29 сентябр нерӯҳои давлати Афғонистон амалиёти озодкунии шаҳр аз тасрруфи толибонро оғоз намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.