Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт миёни Тоҷикистону БОР

Нимаи ҳафтаи равон зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба кӯмаки техникӣ ба дастгирии иқтидор барои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қобили зикр […]

ASIA-Plus



Нимаи ҳафтаи равон зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба кӯмаки техникӣ ба дастгирии иқтидор барои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба Тоҷикистон маҳсуб ёфта, то имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ тақрибан 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз соли 2008 бо назардошти хатари ноустувории қарзи беруна, БОР ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт кумак мекунад.

Соли 2015 БОР ҳаҷми кумаки худ ба Тоҷикистонро наздики 20 млн. доллари ИМА зиёд карда, барномаи кумаки солонаи нақшавиро то 79 млн. доллари ИМА афзуд. Барномаи кумаки соли 2015 ба дастгирии рушди бахши хусусӣ, беҳбуди вазъ дар роҳҳои оҳан, истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамчунин беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио