Коршиноси рус: Барканории ҲНИТ лоиҳаи умумии Душанбеву Маскав ва Остона аст

Мутахассис оид ба Осиёи Марказӣ, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир дар Маскав Андрей Серенко бар ин назар аст, ки поксозии сиёсатмадорну фаъолони ҲНИТ ва ҳатто адвокатҳое, ки ба ин ҳизби фаъолияташ мамнӯъ муносибат доранд, ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) марбут аст. «Дар робита ба ҳодисаҳои атрофи ҲНИТ ман андешаи оддӣ дорам. Чунин […]



Мутахассис оид ба Осиёи Марказӣ, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир дар Маскав Андрей Серенко бар ин назар аст, ки поксозии сиёсатмадорну фаъолони ҲНИТ ва ҳатто адвокатҳое, ки ба ин ҳизби фаъолияташ мамнӯъ муносибат доранд, ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) марбут аст.

«Дар робита ба ҳодисаҳои атрофи ҲНИТ ман андешаи оддӣ дорам. Чунин фикр мекунам, ки поксозии он ба ҳамроҳшавии қарибулвуқӯъи Тоҷикистон ба ИИАО вобаста аст. Шояд ин ҳатто шарти чунин пайвастан ҳам набошад. Возеҳ аст, ки дар паҳнои ҳамгиройӣ Ҳизби исломӣ барои Маскаву Остона лозим нест. Аз ин рӯ, Русия ба фарёдҳои Кабирӣ дар бораи кумак беэътиноӣ кард. Аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ин ҳизб яқинан лоиҳаи умумии Душанбеву Маскав ва Остона аст», – гуфтааст А.Серенок дар мусоҳиба ба хабаргузории

ИА «Фергана»

.

Ба эҳтимоли ӯ, раҳбарияти Тоҷикистон аз узвият ба ИИАО «хушнуд нест». «Барои Путин гуфтушунид бо ҳокимони заъиф осонтар буда, исломе, ки таҳти назорати онҳо қарор надорад, тамоман лозим нест. «Исломи идорашаванда» гапи дигар аст. Масалан, роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров», – иброз доштааст ӯ.

Ба андешаи коршинос, бидуни дастгирии Маскав, сохти сиёсии имрӯз амалкунанда дар Тоҷикистон «як моҳ ҳам ҳукмронӣ карда наметавонад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.