«Маликаи сол»-и Хуҷанд зиёнаш аз озмунро тариқи суд рӯёниданист

Ғолиби озмуни “Маликаи сол” дар байни духтарони донишҷӯи шаҳри Хуҷанд ҳоло мехоҳад пули дар ин озмун сарфкардаашро аз тариқи додгоҳ бирӯёнад. Ӯ талош дорад маблағеро, ки донишгоҳ барои иштирокаш дар ин озмун ҷудо карда буду вале надод, бирӯёнад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, ки моҳи […]

Радиои Озодӣ



Ғолиби озмуни “Маликаи сол” дар байни духтарони донишҷӯи шаҳри Хуҷанд ҳоло мехоҳад пули дар ин озмун сарфкардаашро аз тариқи додгоҳ бирӯёнад. Ӯ талош дорад маблағеро, ки донишгоҳ барои иштирокаш дар ин озмун ҷудо карда буду вале надод, бирӯёнад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, ки моҳи майи соли равон дар озмуни донишҷӯдухтарони Хуҷанд – “Маликаи сол–2015” пирӯз шуд. Донишгоҳ пардохти хароҷоти иштироки ӯ дар ин озмунро ваъда дода буд, вале то имрӯз пардохт накардааст. Чунки донишгоҳ ин маблағро на мустақиман ба худи ӯ, балки ба  як созмони ҷамъиятӣ пардохт кард.

Мавзуна гуфтааст: “Хароҷоти иштирок дар ин озмунро Донишгоҳ бар уҳда гирифт. Вале то баргузор шудани озмун байни мо дар ин бора шартнома набуд. Барои ҳамин аз ҳисоби волидайнам асосан барои харидани матои пироҳанҳо, ки ману модарам дӯхтем, 2.5 ҳазор сомонӣ харҷ кардам. Баъд ба раёсати ҷавонони Донишгоҳ ба маблағи 1895 сомонӣ прайс-лист пешниҳод кардам. Аммо ин маблағро то ҳозир гирифта наметавонам.”

Мавзуна иброз доштааст, мушкил аз он сар зад, ки  мақомоти донишгоҳ маблағи ӯро на мустақиман ба худи вай, балки  ба  созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” дар шаҳри Хуҷанд додаанд.  Он созмон ҳам, ки бояд пули хароҷоти Мавзунаро пардохт мекард,  тӯли  3 моҳи гузашта бо баҳонаҳое аз пардохт саркашӣ кард ва Мавзуна ночор барои рӯёндани пулаш ба Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди вилояти Суғд шикоят бурд.

Оҷонсӣ дар пайи шикояти Мавзуна алайҳи раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” – Ҳасан Холиқов парванда боз карда, барои муҳокима ба додгоҳи Хуҷанд супурдааст. Нигора Назариён, додраси ин ин парванда рӯзи 30–юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” Ҳ. Холиқов аз ҷониби мақомоти тафтишоти аввалия барои аз худ кардани маблағе, ки аз сӯи донишгоҳи барои ширкатгари озмуни “Маликаи сол” пешбинӣ шуда буд, мутобиқи банди 245-уми Кодекси ҷиноӣ ба қаллобӣ айбдор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.