Тоҷикистон ба Конвенсияи гумруки Киото ҳамроҳ шуд

Палатаи поёнии парлумон имрӯз ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ки моҳи майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул шудааст, маъқул шуморид. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатоҳи Ғоиб ва вакили мардумӣ Раҷабов Сафаралӣ зимни  суханронии худ  роҷеъ  ба  […]



Палатаи поёнии парлумон имрӯз ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ки моҳи майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул шудааст, маъқул шуморид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатоҳи Ғоиб ва вакили мардумӣ Раҷабов Сафаралӣ зимни  суханронии худ  роҷеъ  ба  ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин конвенсия изҳор  доштанд,  ки мақсади таҳияи Конвенсия дар таҳрири нав ин аз соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва қоидаҳои он иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия барои ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо роҳи соддагардонӣ ва тезонидани марҳилаи ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ бе маҳдуд намудани манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар мавриди ситонидани  боҷ ва андозҳо ва ҳимояи бозори дохила шароити мусоид фароҳам меорад.

«Мо ба он қисмати Конвенсия, ки масоили ташкили назорати гумрукӣ дар бандарҳои баҳрӣ ва истгоҳҳои киштиро танзим мекунад, ҳамроҳ намешавем, зеро кишвари мо роҳи баромад ба баҳрро надорад», – гуфт сардори Хадамоти гумруки ҶТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.