Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ин мақоми олии қонунгузор баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи тағйироту иловахо ба 17 қонуни кишвар баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро аз ҷумла лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТбарои соли 2015», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи ҶТ», лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳсу баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораибоҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмӯъ 19 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раисони парлумони Қазоқистон ва Русия ҷиҳати иштирок дар форуми байнулмилалии «Дурнамои иқтисоди Авруосиё» имрӯз ба шаҳри Остона меравад.



