ВКД: Шаҳрвандони ихтиёрӣ сафҳои ҲНИТ-ро тарккарда таъқиб намешаванд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шахсоне, ки ихтиёран аз аъзогии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад  ва онҳо  ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шахсоне, ки ихтиёран аз аъзогии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад  ва онҳо  ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки вақтҳои охир шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ бо чунин савол муроҷиат карда истодаанд: Баъди бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти ифротгарою (экстремистӣ)-террористӣ эътироф шуданаш оё собиқ аъзоёни ин ҳизб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?

Гуфта мешавад, танҳо шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд, ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин  ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои  вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда бо пешниҳоди ариза супоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.