Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола санаи 5 октябр таҷлил мегардад, табрик кард. Дар табрикоти телевизионии президенти мамлакат ба ин муносибат, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст, дар ин робита қайд мешавад, ки ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола санаи 5 октябр таҷлил мегардад, табрик кард.

Дар

табрикоти телевизионии

президенти мамлакат ба ин муносибат, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат нашр шудааст, дар ин робита қайд мешавад, ки ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд.

«Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад», – иброз медорад президент.

Ба гуфтаи сарвари давлат, «мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги рӯҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд, зеро забони тоҷикӣ асоси муҳимтарини ҳофизаи таърихии халқамон ба шумор рафта, забони тамаддун ва пояи тафаккури миллӣ ба шумор меравад».

«Ин арзиши миллиро нигаҳдорӣ кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯсту ватандори Тоҷикистони маҳбубамон буда, бовар дорам, ки барои беолоишу бегазанд ҳифз кардан ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин забони гуворо ҳама якҷоя ҷаҳд менамоем ва рушди устувори онро таъмин мегардонем», – таъкид медорад Эмомалӣ Раҳмон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.