Медали нуқраи К.Устопириён дар Гран-прии Тошканд

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) дар вазни то 90 кило ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид. Комроншоҳи Устопириён дар сабқати аввал гӯштигири қазоқ Темур Болат ва дар қувваозмоиҳои минбаъда дзюдочии Лаҳистон Патрик Сечомский ва намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраевро мағлуб сохта, дар вохӯрии финалӣ аз […]

ASIA-Plus



Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) дар вазни то 90 кило ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Комроншоҳи Устопириён дар сабқати аввал гӯштигири қазоқ Темур Болат ва дар қувваозмоиҳои минбаъда дзюдочии Лаҳистон Патрик Сечомский ва намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраевро мағлуб сохта, дар вохӯрии финалӣ аз варзишгари Олмон Марк Одентхал шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон, ки аз 1 то 3 октябр доир гардид, 354 нафар варзишгарон ва 52 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 9 гуштигир намояндагӣ карда, ба ҷуз Устопириён, дигар ҳеҷ касе аз онҳо медал ба даст оварда натавонист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.