Тавофуқи кишварҳои ИДМ оид ба ҳифзи муштараки марзи Тоҷикистону Афғонистон



– Сарони кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар Қазоқистон оид ба имкони ташкили нерӯҳои муштарак барои ҳифзи марзҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар сурати ба вуҷуд омадани вазъи буҳронӣ ба мувофиқа расиданд, –


хабар медиҳад


хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Си.

Дар гуфтушунидҳо дар осоишгоҳи Бурабай, 250 километрии Остона сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст Молдоваро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Туркманистонро муовини нахуствазир ва Украинаро кордори муваққатии Украина дар Қазоқистон намояндагӣ карданд.

Яке аз масъалаҳои асосии баррасишуда дар нишаст вазъи Афғонистон буд, ки президенти Русия Владимир Путин онро наздик ба мушкилу хеле хатарнок номид.

«Гурӯҳҳои террористии гуногун ҳарчи бештар нуфуз пайдо карда, нақшаҳои минбаъдаи ғасбгаронаашонро пинҳон ҳам намедоранд. Яке аз ҳадафҳои онҳо ворид шудан ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Барои мо омода будан ба вокуниш ба чунин сенария зарур аст», – гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯро.

Ба гуфтаи Путин, ба ин барномаи нави ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марз барои солҳои 2016-2020 низ мусоидат мекунад. «Дар барнома имкони ташкили гурӯҳи марзбонон ва дигар мақомот барои танзими вазъҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои беруна пешбинӣ шудааст», – иброз дошт президенти Русия.

Бино ба маълумоти

Интерфакс

, сарони кишварҳои узви ИДМ дар маҷмӯъ 16 санад, аз ҷумла изҳорот дар бораи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва Консепсияи ҳамкории низомӣ то соли 2020-ро ба имзо расониданд.

Нашрияи «Независимая газета

менависад

, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар брифинги муштарак бо президенти Русия Владимир Путин дар робита ба вазъ дар марзи Афғонистону Туркманистон нигаронӣ изҳор намуд, ки ин ба норозигии дипломатҳои туркман боис гардид.

Дипломатҳои туркмани дар нишаст ҳузурдошта эътироз баён намуда, изҳор доштанд, ки гуфтаҳои ҷониби Қазоқистон дар бораи вазъ дар марзи Туркманистону Афғонистон асоси воқеӣ надоранд.

spot_imgspot_img

Популярное