Рӯзи 3-миноябри соли 2015 Муовини Роҳбари Ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тиэ ТАМУРА барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани 3 лоиҳа ба вилояти Суғд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва ш. Хуҷанд сафар кард.
Дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимиятҳои маҳалии ноҳияҳои вилояти Суғд барои иҷрои лоиҳаҳо 274,447 доллари ИМА маблағгузорӣ гардид. Мақсади асосии ин лоиҳаҳо ин беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ тавассути дастрас намудани таҷҳизоти нави тиббӣ ба маркази саломатӣ ва беморхонаҳо буд.
Ҷашни маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» рӯзи 3-ми ноябри соли 2015 дар ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид. Барои иҷро намудани ин лоиҳа маблағи умумии 87,585 доллари ИМА бо мақсади кам намудани фавти модару кӯдак бо роҳи таъмини таҷҳизоти нав дастрас гардонида шуд. Дар маросими мазкур, ТАМУРА дар бораи муҳим будани лоиҳаҳои GGP дар рушди Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҷаноби Хуршедҷон САТТОРОВ, муовини раиси ноҳияи Б. Ғафуров, ҳамчунин сухан ронда миннатдории худро барои баланд бардоштани зиндагии мардуми Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷопон изҳор намуд.
Худи ҳамон рӯз, ТАМУРА дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд» иштирок намуд. Пас аз дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ акнун маркази саломатӣ метавонад ба беморон табобати самаранок пешниҳод намояд. Лоиҳа ба маблағи 88,341 доллари ИМА маблағгузорӣ шуда буд. Ҷ-би Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд, дар ваќти маросим иҷрои бомуваффақияти лоиҳаро табрик намуда орзу намуд, ки муносибат байни Тоҷикистон ва Ҷопон таҳким хоҳад ёфт.
Рӯзи 4-ми ноябри соли 2015, ТАМУРА ба ноҳияи Ҷ. Расулов сафар карда дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизоти тиббӣ ба шўъбаи урологияи беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти «Ғулакандоз» иштирок намуд.
Ҳамчун лоиҳаи дигари Ҷопон, маблағи 98,521 доллари ИМА ба ҳукумати ноҳияи Ҷ. Расулов бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори касалии гурда ва пешобдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ҷ-би Сангинмурод ҲАКИМЗОДА, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз номи сокинони маҳаллӣ муҳим будани лоиҳаҳоро арзёбӣ намуда барои саҳмгузории Ҳукумати Ҷопон дар рушди зиндагии мардуми маҳаллӣ миннатдорӣ баён намуд.



