Даргузашти сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Неъмати Оташ



Сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Неъмати Оташ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.

Шоир ва сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд» Неъмати Оташ бар асари сактаи қалб дар синни 62-солагӣ фавтид. Рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд.

Маҷмӯаи аввали Неъмати Оташ таҳти унвони «Шукуфа» соли 1989 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расида, боз се маҷмӯаи дигари ӯ – «Садои сабзи шукуфтан», «Мунтахаби ашъор» ва «Ба ишқ бовар кун» давоми солҳои 1999-2003 ба нашр расидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное