Гумонбарии афсари пойгоҳи низомии Русия ба қатли зани тоҷик

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сарлейтенант Иван Шербаковро ба қатли зани тоҷик Шоира Ҷабборова гумонбар медонанд. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, афсари пойгоҳ рӯзи 9 ноябр боздошт ва нисбати ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷониби Русия аллакай […]

ASIA-Plus



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сарлейтенант Иван Шербаковро ба қатли зани тоҷик Шоира Ҷабборова гумонбар медонанд.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, афсари пойгоҳ рӯзи 9 ноябр боздошт ва нисбати ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҷониби Русия аллакай ин парвандаро махфӣ унвон карда, дар пойгоҳи низомӣ ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ иттилоъ додааст, ки зан ҳанӯз шаби 5 ноябр бо сабабҳои алҳол номаълум дар қаламрави пойгоҳи 201-ум, саҳеҳтараш дар хобгоҳ барои афсарон кушта шудааст.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ И.Шербаков изҳор доштааст, ки аз ин ҳодиса чизеро дар хотир надорад, зеро хеле сархушу дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Аз қавли наздикони Шоира Ҷабборова

Радиои Озодӣ

менависад, Иван Шербаков – афсари пойгоҳи 201-уми Русия баъди бадрафторӣ бо ин сокини 22-солаи Душанбе ҷасадашро дар қуттии ахлот ё мусор партофтааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.