Масоили энергетикаву иқтисод дар маркази гуфтушуниди Тоҷикистону Покистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Исломобод раҳсипор мегардад. Нашрияи Express Tribune дар ин робита менависад, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон буда, дар ҷараёни он сарвари давлати Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо шумули вазирону дигар мансабдорони сатҳи олӣ ва ҳамчунин як зумра соҳибкорони муваффақ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҷараёни […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Исломобод раҳсипор мегардад.

Нашрияи

Express Tribune

дар ин робита менависад, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон буда, дар ҷараёни он сарвари давлати Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо шумули вазирону дигар мансабдорони сатҳи олӣ ва ҳамчунин як зумра соҳибкорони муваффақ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҷараёни сафар ба Покистон сарвари давлати Тоҷикистон бо нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф ва президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дидору гуфтушунид мекунад. Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии масоили марбут ба амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон пешбинӣ шудааст, дар назар аст.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба имзои созишномаи сеҷонибаи тиҷоративу транзитӣ миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистонро низ баррасӣ мекунанд.

Нашрия иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон ба имзои ин созишнома омода аст, лекин ба он шомил гардидани Ҳиндустонро низ пешниҳод мекунад. Дар ҳамин ҳол, қайд мекунад Express Tribune, бинобар сабаби ихтилофҳои дипломатӣ, Покистон қотеъона ин пешниҳодро напазируфта, нияти ҳеҷ гузаштеро дар ин масъала надорад.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунидҳои Покистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҳамчунин баррасии масоили рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату иқтисод, зербино, фарҳанг ва амнияту мудофиа низ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.