Раҳпаймоии беш аз 8 ҳазор душанбегиҳо бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи як силсила чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами миллиро, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мегардад, тасдиқ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 24 ноябр бинобар сабаби баргузории чорабиниҳо дар майдони «Дӯстӣ», аз соати 11:00 то 15:00 ҳаракати нақлиёт дар […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи як силсила чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами миллиро, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мегардад, тасдиқ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи 24 ноябр бинобар сабаби баргузории чорабиниҳо дар майдони «Дӯстӣ», аз соати 11:00 то 15:00 ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр маҳдуд карда мешавад.

Ҳамин рӯз соати 17:00 дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт раҳпаймоии тантанавӣ ва консерт доир мегардад, ки дар он бо парчами Тоҷикистон дар дастонашон беш аз 8 ҳазор нафар сокинони Душанбе иштирок мекунанд.

Дар ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ дар пойтахт ҳамчунин мизҳои гирд, конфронсҳо ва намоишгоҳҳо баргузор шуда, тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо шиору овезаҳо ба ин муносибат оро дода хоҳанд шуд. Бо қарори раиси пойтахт ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ бо нишонаҳои дорои аломати парчами Тоҷикистон таъмин мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.