Боздошти 2 тоҷикистонӣ дар Туркия зимни кӯшиши пайвастан ба Давлати исломӣ

Миёни афроди боздоштшуда дар Туркия, ки ба созмони террористии Daesh (Давлати исломӣ) пайвастанӣ буданд, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд. Хабаргузории Anadolu дар ин робита менависад, дар музофоати Адана дар ҷануби кишвар мақомоти пулиси Туркия 38 шаҳрванди хориҷиро барои нияти ҳамроҳшавӣ ба созмони террористии Daesh боздошт намудааст. Афроди боздоштшуда шаҳрвандони 7 кишвари хориҷӣ будаанд: […]

ASIA-Plus



Миёни афроди боздоштшуда дар Туркия, ки ба созмони террористии Daesh (Давлати исломӣ) пайвастанӣ буданд, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Хабаргузории

Anadolu

дар ин робита менависад, дар музофоати Адана дар ҷануби кишвар мақомоти пулиси Туркия 38 шаҳрванди хориҷиро барои нияти ҳамроҳшавӣ ба созмони террористии Daesh боздошт намудааст.

Афроди боздоштшуда шаҳрвандони 7 кишвари хориҷӣ будаанд: 14 нафар шаҳрванди Озарбойҷон, 7 нафар – шаҳрванди Индонезия, 5 нафарӣ – шаҳрвандони Ироқ ва Қирғизистон, 3 нафар – шаҳрванди Эрон ва 2 нафарӣ – шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон.

Миёни боздоштшудагон 10 нафарашон занон ва 15 нафарашон кӯдакон будаанд. Ба гумони даст доштан дар кӯшиши ба қаламрави Сурияи таҳти назорати Давлати исломӣ қарордошта интиқол додани шаҳрвандони хориҷӣ 2 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти зурурӣ боздоштшудагон ҷиҳати истирдоди минбаъда ба ихтиёри хадамоти муҳоҷират супурда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.