Идомаи корҳои шинондани гулҳои ба сармо тобовар дар Хуҷанд



Муассисаи кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба нарму побел намудани майдонҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва шинондани  гулҳои ба сармо тобовар идома дода истодааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории Хуҷанд, ҳамчунин кормандони ин муассиса барои сари вақт таъмин намудани гулу буттаҳои орошӣ дар фасли баҳори соли оянда ба чидану захира намудани тухмии гулҳои ороишӣ шурӯъ намуда, бо тавсияи мутахассисони соҳаи гулпарварӣ ба ҷамъоварӣ намудани решапояи гулҳои орошии баҳоронаи навъи «Кана» дар хандақ низ оғоз намуданд.

Гуфта мешавад, қисми дигари кормандон ба шинондани гулҳои орошии зимистонаи навҳои «Гулкарам» «Хрезантема» «Нагатки» ва ғайра идома  дода, ният доранд давоми моҳи равон шаҳрро бо бештар 100 ҳазор гулҳои ба сармо тобовар оро диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи ба номи Султон Умарӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил «Гулкарам шинонида шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное