Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Бонки ҷаҳонӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» маросими рӯнамои гузориш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон «Сустшавии муътадили суръати рушди иқтисод дар партави башиддат коҳиш ёфтани иқтидори харидории хонаводаҳо»-ро барпо мекунад. Оғоз соати 10-00;

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» таҳти унвони «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи СУС» Конфронси дурӯзаи байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Гӯшаи амркоии шаҳри Душанбе дар доираи Ҳафтаи соҳибкорӣ бо Сергей Грибов, соҳибкор дар бахши технологияҳо ва сармоягузорӣ, муассиси шумори зиёди стартап-лоиҳаҳо дар ИМА, Исроил ва Русия конфронси видеоии интерактивӣ гузаронида мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.6404

сомонӣ;


1

евро –

7.1225

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


46



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1937

– Дар Душанбе муҷассамаи В.В. Куйбишев қомат афрохт.


2004

– Маросими ифтитоҳи амфитеатри пойтахт баргузор шуд.


2006

— Маркази электронии низоми назорати фазои кайҳонии «Норак» пурра ба ихтиёри Русия супурда шуд.


2009

— Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи истифодаи лампаҳои cермасраф (пуршиддат)-и барқ дар Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.


1909-1966

– Зодрӯзи фолклоршинос ва тарҷумон Клавдия Улуғзода.


1930

– Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев.


1967

– Зодрӯзи рӯзноманигор Мавҷудаи Соҳибназар.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2+3.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона 0-5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +9+11.

spot_imgspot_img

Популярное