Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябр Иброҳим Нусратзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон озод карда шуд.
Бо фармони дигари сарвари давлат Илёс Мумин Идрисзода муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Илёс Мумин Идрисзода қаблан ба ҳайси прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон кор мекардааст. И.Нусратзода алҳол ба дигар мансаб таъин нашудааст.





